Дар Анқара 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Сентябрь 23, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия маросими бошукӯҳи расмӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур беш аз 300 меҳмон аз сохторҳои гуногуни Туркия ва ҳайати дипломатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи Президент, Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумон, сафирони хориҷӣ, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, корхона ва ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва Ҷамъияти тоҷикони муқими Туркия иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар оғози чорабинӣ зикр намуд, ки «истиқлол бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад ва имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръат рушд намуда истодааст. Давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат мо тавонистем заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати миллиамонро таъмин карда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии онро афзун намуда, насли навро дар рӯҳияи ватандорӣ ва эҳтиром ба истиқлолу озодӣ тарбия намоем».

Муовини раиси Маҷлиси Бузурги Ҷумҳурии Туркия Ҷелал Адан миллати шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти миллӣ табрик намуда, гуфт, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст-Тоҷикистон ва Туркия рушду таҳким ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд.

Инчунин дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Четин Алӣ Дёнмез, муовини Вазири оила ва хизматрасонии иҷтимоӣ хонум Кубра Гуран Йигитбаши, Прокурори генералии Туркия Бекир Шаҳин иштирок намудаанд.

Ҳамин тариқ дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур “Меваҳои болаззати Тоҷикистон” ва тоблуву нигораҳои наққошони чирадасти тоҷик ҳамчун рамзи кишвари сарсабз ва мардумони бофарҳангу тамаддун ба намоиш гузошта шуданд.

Дар хатми ҳамоиш аҳли санъат ва ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лауреати озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ хонум Ноҳид Зайналпур, инчунин сарояндаи ҷавони тоҷик, Лауреати озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ, хатмкардаи Консерваторияи Милани Италия Шоҳрух Юнусов бо суруду таронаҳои ҷолиб, ки дар  онҳо меҳри ватан ва ҳифзи арзишҳои ахлоқию инсонӣ ҷой дошт, табъи ҳозиринро шод намуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстию ҳусни тафоҳум доир гардид.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Сентябрь 23, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд