Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён дорад. Коршиносон чӣ мегӯянд?

Сентябрь 17, 2021 14:07

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҳамкории Шанхай созмони зиддитерористӣ низ бунёд намудааст, ки он имрӯз барои ҳалли масъалаҳое, ки дар дунё ба амал омада истодаанд, ҷавобгӯ нест. Бинобар ин пешниҳод мекунем, ки дар ин созмон як Маркази идоракунии қувваҳои мусаллаҳи СҲШ  бунёд карда шавад. Ва дар самтҳое, ки хатарноканд, самтҳое, ки эҳтимоли даргириҳо дар онҳо мавҷуд аст (ман сарҳадоти тамоми давлатҳои узви Созмонро дар назар дорам), ин қудрат бояд дар он ҷо ҳозир шуда, саҳми худро гузораду оромиро дар он минтақаҳо таъмин намояд. Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими калони Институти Осиё ва Аврупоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадамин Боймаҳмадов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Созмони ҳамкории Шанхай аз як сол ба соли дигар стратегияи худро муайян мекунад. Бояд стратегияи СҲШ то соли 2050 муайян карда шавад. Зеро ҳудуди ин Созмони байналмилалӣ хеле бузург шудааст, ба он зиёда аз 38 давлати ҷаҳон шомил шуда, 8  давлати дигар дар ҳудуди узви асосии ин Созмон мебошанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон асосгузори ин созмон аст. Бинобар ин бояд барномаҳое тарҳрезӣ гарданд, ки тӯлонӣ бошанд.

Маҳмадамин Боймаҳмадов зикр намуд, ки дар ҳудуди давлатҳои узви асосии СҲШ бояд ба шахсони масъул, аз қабили соҳибкорон, сармоягузорон ва шахсони масъули давлат барои рафту омад гузарномаи шаҳрвандони СҲШ дода шавад.

Дар давраи 20 соли фаъолияти худ СҲШ ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро аз сиёсат то амният, иқтисодиёт то ҳамкории гуманитарӣ фаро гирад. Фаъолияти СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин ниҳоди бонуфуз ва байналмилалӣ барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ заминаи арзанда гузошта, мақому нуфузи сиёсиаш батадриҷ дар миқёси байналмилалӣ меафзояд.

Созмони ҳамкории Шанхай созмони минтақавӣ буда, дар таъсис ёфтани он, пеш аз ҳама, «Панҷгонаи Шанхай» замина гузоштааст, ки тибқи созишномаҳо миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил гардида буд. Сипас, ба узвияти он Ҷумҳурии Узбекистон пазируфта шуд ва «панҷгона» ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт. Алҳол созмон дорои ҳашт давлати аъзо мебошад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чинӣ ба ҳисоб мераванд.

Муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Шукрона Раҷабова иброз намуд, ки аз замони узвият дар созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди назаррасе ба сомон расонд. Аз ҷумла, раёсати Шӯрои сарварони давлатҳоро  солҳои 2008 ва 2014 ба уҳда дошта, дар баробари ин, солҳои 2006 — 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

«Сол аз сол мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар минтақа, аз ҷумла терроризму экстремизм ҳамчун масъалаи нигаронкунандаи башарият дар доираи ташаббусҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди таҳлилу баррасии бештар қарор мегиранд. Тоҷикистон дар ин масир ҳамкории судманд ва бисёрҷонибаи худро бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи дунё тақвият бахшида, дар ин самт сиёсати дарҳои кушодаро ба роҳ мондааст, ки ин дар оянда ба ҳамкории самарабахш заминаи мусоид мегузорад.

СҲШ Тоҷикистонро дар ҳалли масоили умдаи минтақа ва ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббускор эътироф намуда, дар доираи ин пешниҳоду иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарварони дигар давлатҳои аъзо ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, ки ин дар меҳвари умум қарор гирифтани мамлакати моро нишон медиҳад», — афзуд номбурда.

Пешвои миллат ҳанӯз аз оғози таъсиси СҲШ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмон чанд самтеро ҳамчун омили афзалиятнок мушаххас карданд, ки яке аз онҳо соҳаи амнияти минтақавӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Зеро Пешвои миллат ба хубӣ дарк менамуданд, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як қисмати ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонист аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин дар чаҳорчӯби СҲШ мекӯшиданд, ки ин Созмон тавассути ҳамкории бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масъалаҳои амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии минтақа бо маҷмӯи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба ҳалли буҳрони сиёсии кунунии  Афғонистон  равона шудааст ва дар ҷаласаи СҲШ низ ин мавзӯъ меҳварӣ хоҳад буд. «Сарвари давлат пайваста дар чаҳорчӯби СҲШ роҷеъ ба қазияи Афғонистон масъалагузорӣ намуда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳои аъзоро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дарёфти роҳҳои ҳалли он ҷалб менамоянд. Аз ҷумла яке аз пешниҳодҳои Роҳбари давлат вобаста ба ин масъала аз ҷониби сарони давлатҳо дастгирӣ ёфт ва соли 2005 Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» таъсис дода шуд. Давлатҳои аъзоро мебояд ҷиҳати амалишавии ин тадбирҳо чораҷӯӣ намоянд»,-гуфт Ш. Раҷабова.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2021 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Пекин дар мавзуи «Бехатарии экологӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе оид ба густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир шуд
Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид
Ба фаъолияти Котиботи созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур шуд
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шуд
Забоншиносони тоҷик дар Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои ИДМ» иштирок менамоянд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди СҲШ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд