Дар Душанбе оид ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва саҳми роҳбарони Афғонистон дар баргузории музокирот миёни тоҷикон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мо ҳамсояҳое дорем, дӯстоне дорем, ки бар мо бомбу интиҳор содир мекунанд ва боз ҳамсояҳое ҳам дорем, ки бидуни ғараз дар паҳлӯи мо истодаанд. Ин нуктаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва саҳми роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар баргузории музокирот миёни тоҷикон ва раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“, ки 22 сентябр дар Душанбе доир шуд, иброз дошт, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Ҳамоиши мазкур дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, саркотиби илмии АМИТ, доктори илми таърих Қосимшо Искандаров ва дигар олимону нависандагони ду кишвари бо ҳам дӯст иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки “он қадрдоние, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ду нафар фарзонафарзандони халқи тоҷик сурат гирифт, исботи он аст, ки мо дар арафаи 30-солагӣ аз ин фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки барои истиқрори сулҳи тоҷикон саҳми шоиста гузоштанд, бори дигар ёдоварӣ кардем ва хизматҳои ин бузургони Хуросон, чун Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро қадрдонӣ намудем”.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар иброз дошт, ки “мо имрӯз ниҳоят хушҳол ҳастем, ки дар Тоҷикистон-ин кишвари амну осоишта қарор дорем. Мо минҳайси ҳамсоя ва ҳамтабори миллати Тоҷикистон ифтихор мекунем, ки шоҳиди пешрафту тараққиёти ҳамарӯзаи ин давлат ҳастем. Ташаккур мекунам аз Роҳбари муаззам ва олиқадри Тоҷикистон, аз мардуми меҳмоннавоз ва боиззати мамлакат, ки дар давраи муқовимат дар паҳлуи мардуми Афғонистон қарор гирифтанду аз манофею ҳаққи ҳамсояи худ дар сатҳи милливу байналмилалӣ дифоъ карданд”.
Саркотиби илмии АМИТ, доктори илми таърих Қосимшо Искандаров зимни пешниҳоди маърӯзаи илмӣ тазаккур дод, ки авзои кунунии мулки афғон шабеҳ ба вазъи солҳои навадуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва чунонки он солҳо низ сиёсисозии ислом ба шаҳрвандон таҳмил ёфта буд, кунун низ дар ҳамсоякишвар чунин таҳмилоти сирф сиёсӣ дар пӯшиши терроризми байналмилалӣ татбиқ мегардад.
Шоири тоҷиктабори Афғонистон Латифи Пидром, ки тӯли солиёни дароз барои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои миллии тоҷикони Афғонистон камари ҳиммат бастааст, бо изҳори таассуф аз низоъҳои кишвараш, бахусус ҷанг миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва неруҳои террористии ҳаракати «Толибон» сухан гуфт.
Директори Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов вазъи имрӯзаи Афғонистонро бо далелҳо шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамзамон дигар шахсиятҳои маъруфи ду давлати дӯсту ҳамсоя аз шахсони номвари мулки Афғонистон- устод Бурҳониддини Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон- Аҳмадшоҳ Масъуд бо суханони нек ёдоварӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки 2 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардониданд.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”
АКС: АМИТ “Ховар”








Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст






