Дар Душанбе «Системаи идораи таваккал» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд

Сентябрь 16, 2021 16:53

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва  Корея имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи «Системаи идораи таваккал» доир гардид, ки дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Комиссари Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷэй Ҳён ва кормандони мақомоти гумруки ҳарду давлат  иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  нахуст   сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ташрифи ҳайати кормандони мақомоти  гумруки Кореяро ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Комиссари Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷэй Ҳён шодбош гуфта, зикр намуд, ки дар сиёсати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Корея мавқеи хосса дошта, ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба бо ин кишвари осиёӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти  гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук тақвият меёбад.

Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо вобаста ба расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои  мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд  амалӣ карда шудааст.

Иштироки роҳбарияти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар «Форуми 9-уми ҳамкории Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» сарчашмаи фаъолияти якҷояи ҳарду ниҳод маҳсуб меёбад, ки соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Маҳз дар Форуми мазкур дар робита ба амалигардонии «Барномаи байниҳукуматӣ оид ба пурра автоматикунонӣ, такмил ва мукаммал намудани Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ» бо ҷониби масъулин аз Ҷумҳурии Корея гуфтушунид доир шуд. Соли 2019 «Протоколи вохӯрӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба татбиқи лоиҳаи «Ташкили низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021» дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ёрии техникӣ ба маблағи 4,2 миллион  доллари амрикоӣ, муодили 4 миллиард вони кореягӣ тасдиқ ва ҷудо  гардид.

Дар натиҷаи заҳматҳои мутахассисон муяссар гардид, ки зерсистемаи «Идораи таваккал» расман ба истифода дода шавад. Таъкид гардид, ки ифтитоҳи расмии «Системаи идораи  таваккал» шароити мусоидро дар самти суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ҳисоби дуруст ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, боиси афзоиши  ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад. Дар доираи татбиқи  лоиҳаи «Системаи идораи  таваккал» давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистон, аз ҷумла дар Корея ва Тоҷикистон марҳила ба  марҳила роҳандозӣ гардида буд.

Дар маросими ифтитоҳи  «Системаи идораи таваккал» ҳамзамон  Комиссари Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷэй Ҳён ва дигар масъулини мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея, аз ҷумла, намояндаи  ширкати «DATA World CoL/td» доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳа,  сиситемаи идораи таваккал, ҳадаф, афзалият ва дурнамои он табодули  назар намуданд. Инчунин имрӯз ҳайати мақомоти гумруки Корея аз дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе  боздид намуда,  бо ҷараёни кори низоми  идораи таваккал шинос гардиданд.

Роҳандозӣ гардидани низоми идораи таваккал дар доираи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар ҳолест, ки ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Корея дар сатҳи дахлдор ташаккул ёфта, соли 2020 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея 53,5 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум  19,6 миллион доллари амрикоӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни  Тоҷикистон ва Корея ба 29,6 миллион доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Воридоти бештари молҳоро аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолию технологӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар намуди молу маҳсулот ташкил менамояд.

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 16, 2021 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд