Дар Рашт ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд

Сентябрь 6, 2021 14:57

РАШТ, 06.09. 2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-9 сентябр дар марказҳои ноҳияҳои водии Рашт  бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаҳои фарҳангӣ, маҷлиси тантанавӣ, роҳпаймоӣ ва гузашти низомӣ доир мегарданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба  шуъбаҳои иттилоотию таҳлилии дастгоҳҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияҳои минтақаи Рашт, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои калон таҳти унвони «Шоми истиқлол» барномаҳои консертӣ баргузор карда шуданд. Моҳи августи соли равон дар марказҳои ноҳияҳои минтақа конференсияву ҳамоишҳои гузаронида шуданд.

Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ин ноҳияҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то охири сол барномаҳои фарҳангӣ ва намоишҳои театрӣ гузаронида мешаванд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд