Дар Самарқанд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20-27 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардиданд.
Тарафҳо натиҷаи корҳои саҳроиро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хати лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома медиҳанд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






