Дар шаҳри Хоруғ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон роҳпаймоии идона ва ҷамъомади пуршукӯҳ доир шуд

Сентябрь 9, 2021 20:38

ХОРУҒ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори бузургдошт аз ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хиёбони марказии шаҳри Хоруғ роҳпаймоии идона бо ҷалби беш аз 6 ҳазор сокинони вилоят баргузор гардид. 

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, қабл аз оғози роҳпаймоӣ муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов  ҳамаи сокинони вилоятро бо ин рӯзи саид ва деринтизор,  рӯзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамагон осомони софу беғубор, сулҳу амонӣ ва комёбиҳои нав дар арсаи кору зиндагӣ таманно намуд. Раиси вилоят зикр дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябр дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи Борбад” ин ҷашни давлатиро бузургтарин  нишони олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ,  рамзи ҳастии миллати бостонӣ  ва асоси хушбахтиву сарбаландии мардуми кишвар  маънидод намуданд. Истиқболи гарму самимӣ аз ин ҷашни муқаддаси миллӣ ва баргузор намудани ин ҳамоиши идона аз ҷонибдории ҳамаҷонибаи  сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Раиси вилоят дар идомаи суханрониаш изҳор дошт, ки “30 сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ гардидему мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлу ба паҳлу  истода, то ба имрӯз дар пешрафту ободонии он содиқонаву софдилона хизмат менамоянд. Дар баробари дигар сокинони минтақаи ҷумҳурӣ, сокинони вилояти Кӯҳистони Бадахшон зери парчами истиқлол бо таваҷҷуҳи хос  ва дар асоси дастуру хидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат кору пайкор менамоянд”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки наҷотдиҳанда ва меъмори воқеии истиқлолият мебошад, таъкид менамоян, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.  Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви  ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол пазируфта шуда, имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар  рушду нумӯъ ёфта истодаанд.

Бояд гуфт, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, зарфи 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзгори мардуми меҳнатқарини вилоят  рушд ёфта, зиндагии шоиста ва фазои амну субот насиби ҳар хонадони кишвар гардида, дар арсаи дунё низ яке аз минтақаҳои амн ва беҳтарин намунаи давлатдорӣ пазируфта шудаст.

Баргузор намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ифодагари осудагии сокинон, суботу оромии ҷомеа ва дӯстиву бародарӣ буда, аҳамияти  ин санаи такдирсози миллатро инъикос мекунад.

Роҳпаймоии идона бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ноҳияҳои вилоят низ дар фазои дӯстона, ҳамбастагию ҳамраъӣ доир гашт.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хоруғ ҷашни Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон бошукӯҳ истиқбол гирифта шуд. Ба ин муносибат дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ  бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода  ва дигар шахсони расмӣ  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  табрик намуда, изҳор дошт, ки дар солҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даргириҳои дохилӣ, мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд ва шаҳри  Хоруғ низ аз ин дар канор намонд. Дар ин шаҳр аз гӯшаву канори кишвар ва  ҳатто берун аз он гурӯҳҳои мухталифи  мухолифини мусаллаҳ  ҷамъ омаданд ва тамоми рукнҳои давлатдориро қариб аз байн бардоштанд. Дар ҳамин лаҳзаҳои хеле ҳассосу мураккаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ анҷом дод. Дар толори мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии вилоят бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аз ҷумла, бо мухолифини мусаллаҳи тоҷик мулоқот намуда, ба суолҳояи сершуморашон посух гардонда, дар бораи роҳҳои ҳалли ҳарчӣ зудтари даргириҳои дохилӣ ва рӯ овардан ба ҳалли масъалҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кард. Маҳз дар ҳамин сафари нахустин санги асоси рушди минбаъдаи соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқ гузошта шуд.

Идомаи сохтмони НБО «Помир-1», бунёди роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Кулма оғоз гардида, минбаъд сокинони вилоятро аз ду мушкили бузург- яке  бебарқӣ ва дигаре бероҳӣ наҷот бахшид. Ба ин васила на танҳо вилоят, балки кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.

Раиси вилоят саноати кӯҳиро асоси пешрафти  соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ хонда, изҳор дошт, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои иҷрои корҳои иктишофӣ-геологӣ конҳои сарватҳои зеризаминӣ, ба шумули тилло, нуқра, никел, мис дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Ишкошиму Роштқалъа ва кони нуқраи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб барои панҷ ширкати ватаниву хориҷӣ иҷозатнома дод ва азхудкунии  конҳои мазкур метавонад, ки  ба рушди минбаъдаи соҳаи саноат такони ҷиддӣ бахшад. Бо кумаку дастгирии мақомоти давлатӣ сол аз сол бахши хусусӣ низ рӯ ба инкишоф овардааст. Соли гузашта дар вилоят 3 ҳазору 431 соҳибкор  фаъолият доштанд, ки аз ин миён 2294 соҳибкори инфродӣ бо патент ва 1137 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида,  аз ин ҳисоб  зиёда аз 6 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Раиси вилоят ҳамчунин дар бораи ислоҳот дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, маорифу тандурустӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд изҳори ақида намуд.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони вилоятро  ба муносибати ҷашни бошукӯҳи миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баён дошт, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мардуми кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии худ баҳри шукуфоии кишвар қадамаҳои дилпурона ва устувор мегузоранд. Дар 30 соли истиқлол бо шарофати эълон намудани сиёсати дарҳои боз ҷумҳурии моро 192 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф намуда, бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Ҳамчунин Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст. Дар чанд соли охир пойтахти кишвари мо- шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.

Пас аз суханони табрикотӣ гурӯҳе аз аз чеҳраҳои шинохтаи вилоят, ки дар рушди давлати соҳибистиқлол саҳми назаррас гузоштанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Сентябрь 9, 2021 20:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд