Дар Ванҷ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ гузашти низомӣ доир шуд

Сентябрь 7, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМТИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки беш аз 1000 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ,  ҳайати шахсӣ, воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандони захиравӣ гузашти низомӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар  гузашти низомӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, ки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни сисолагӣ дар ноҳия мебошад  ва раиси ноҳияи Ванҷ кулли афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳамсозии шароити зарурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуд ва афсарону сарбозон дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд.

Истиқолияти давлатӣ собит сохт, ки халқи тоҷик мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳимояи марзу буми ватани аҷдодӣ аз ҳар шаҳрванд, аз ҷумла ҷавонон ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ талаб менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд.

Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд