Дар Вазорати молия, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти иҷро, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пуршукӯҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои зертобеъ ва мақомоти молия дар маҳал ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо сухани шодбошӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки маҳз бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ гардид.
Дар ҷамъомад якчанд нафар кормандони вазорат аз ҷониби роҳбарият бо сипосномаю ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 3 нафар бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.
Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябр бо иштироки роҳбарият, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Тавре аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд, Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода тамоми кормандонро бо ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҷашни таърихист, табрику шодбош гуфт.
Мавсуф изҳор дошт, ки «ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастовард барои миллати тоҷик аст, ки пас аз ҳазорсолаҳо бо талошу заҳматҳои абармардони миллат ва ҳадяи таърих мо ба он ноил гардидем. Инак бо гузашти 30 соли соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати рушдкарда, сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мешиносад ва эътироф мекунад».
Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода аҳли нишастро бо ин ҷашни миллӣ шодбош гуфта, дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон» маърӯза намуд.
Дар ҷаласа ба сардори Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ Бобошо Давлатшозода медали шоистаи ифтихорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидааст, тақдим шуд. Инчунин дигар кормандон, ки саҳми худро дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти озуқаворӣ гузоштаанд, бо «Ифтихорнома»-и раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, ки зимни он ба як гурӯҳ кормандони Хадамоти иҷро, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлолият, хусусан сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрҳоҳӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолият, сулҳу ваҳдатро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи мост, нигоҳ дошта, баҳри ҳифз, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ҳамеша омода бошем ва ба халқ, Ватани азизи худ ва Пешвои миллат содиқона хизмат намоем.
Инчунин 6 сентябр дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот аз дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати истиқбол аз ҷашни сарнавиштсоз- 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муминзод аҳли кормандони хадамотро бо ин иди барои мардуми шарафманди тоҷик муқаддас табрик намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлол ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки ин неъмати бо баҳои ҷон ба дастовардаро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва эҳтиром гузоранд.
Дар ҷамъомад кормандони хизматнишондодаи Хадамот дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо ифтихорномаҳои Сардори Хадамот сарфароз гардонида шуданд.











35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд






