Доираҳои тиҷоратии Покистон ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузорӣ ба Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 сентябр ҳайати 70-нафараи доираҳои тиҷоратии Покистон ҷиҳати иштирок дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва ҷаласаи Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ба Тоҷикистон оянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон сарвазирони Тоҷикистон ва Покистон иштирок ва сухан хоҳанд кард. Дар Форум имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон муаррифӣ гардида, соҳибкорони ҳарду давлат дар шакли соҳибкор бо соҳибкор (В2В) мулоқот хоҳанд кард. Ҳамзамон ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи Форуми сармоягузорӣ дар назар аст.
Акс аз АМИТ «Ховар»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






