ФУТБОЛ БАРОИ ҲАМА. Лигаи футболи бонувони ФФТ дар Хоруғ фестивал баргузор намуд

Сентябрь 22, 2021 10:37

ХОРУҒ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ даври навбатии фестивали «Футбол барои духтарон» баргузор гардид. Фестивал бо ибтикор ва дастгирии Лигаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи байналмилалии ФИФА ВУМЕН ФУТБАЛ ва барномаи «Футбол барои ҳама»  баргузор гардид,  иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Теъдоди зиёди духтарони хурдсол бо шавқи  беандоза дар ин фестивал ширкат намуда, бо бозии ҷолиб, ҳаракату усулҳои зебо исбот намуданд, ки онҳо низ дар оянда тавони ташкили чанд дастаи касбӣ доранд.

Раиси Федератсияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аноятшо Аноятшоев гуфт, ки «футбол дар ҷумҳурии мо акнун на танҳо ба шуғли дӯстдоштаи  писарон, балки духтарон низ табдил ёфтааст. Инро ширкати фаъоли  духтарон дар фестивали имрӯзаи футбол собит сохт.  Зиёда аз 200 нафар духтарони аз 6 то 12-сола дар ин фестивал бо шавқи беандоза ширкат намуданд.  Агар чунин фестивалу мусобиқаҳо барои футболобозони хурдсол бештар баргузор гардад, дар оянда дар шаҳри Хоруғ ташкил кардани дастаҳои бонувон осонтар мегардад».

Директори Лигаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдулло Соқиев  гуфт, ки «чунин фестивал дар чаҳорчӯби барномаи «Футбол барои ҳама»  дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоятҳои Хатлону Суғд баргузор гардид ва ҳадафи ягонаи он  ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди футболи бонувон мебошад. Ҳоло дар кишвар Лигаи футболи бонувон ва чемпионати даврии дастаҳои беҳтарини бонувон фаъоланд, ки ин барои минбаъд равнақ додани футболи бонувон, оммавигардонии он, дарёфти чеҳраҳои беҳтарини ин намуди варзиш яке аз дигар мақсадҳои фестивали мазкур мебошад».

Ҳангоми баргузории фестивал намояндагони лига усулҳои гуногуни идора кардани тӯбро ёд доданд. Пас аз он миёни  футболбозони наврас мусобиқа баргузор карда шуд. Баргузории чунин давраҳои омӯзишии назариявию амалӣ  ба ҷалби футбол миёни наврасон такони хуб бахшида, барои ташкили дастаҳои бештари футболи бонувон мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми фестивал Лигаи футболи бонувон ба футболбозони наврас либосҳо ва лавозимоти варзишӣ туҳфа намуд.

      АКСҲО: АМИТ   «Ховар»

Сентябрь 22, 2021 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид