Кишварҳои СААД оид ба Афғонистон изҳорот имзо намуданд

Сентябрь 15, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар машварати мақомоти кишварҳои СААД оид ба вазъи Афғонистон изҳороти муштарак қабул карда шуд, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон.

Вай зикр дошт, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти ин созмон чанд санад ба имзо расид.

Аз ҷумла, намояндагони созмонҳои СААД ба баёнияи муштарак «Дар бораи вазъи Афғонистон» имзо гузоштанд.

Ҳамчунин изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми киберҷиноятӣ, инчунин талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо тасдиқ карда шуданд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки котибони шӯроҳои амнияти СААД тасмим гирифтаанд, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ таъсис диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ борҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати зарурат Созмон омода аст дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ расонад.

Ҳамчунин муайян аст, ки дар нишасти 16 сентябр дар Душанбе ҷонибҳо дар бораи муҷаҳҳаз сохтани неруҳои дастҷамъӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир созишнома ба имзо мерасонанд.

Ҳамчунин неруҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон машқҳои омӯзишӣ мегузаронанд, то дар сурати ворид шудани ҷангҷӯёни эҳтимолӣ амалиёт анҷом диҳанд.

Сентябрь 15, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд