КИТОБ ОМӮЗГОРИ РӮЗГОР АСТ. Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз ҷараён дорад

Сентябрь 3, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб Рӯзи дарҳои боз  баргузор гардид, ки он дилбохтагони каломи бадеъро ба ҳам овард.

Зимни ҳамоиш муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов зикр дошт, ки китоб ва китобхона аз зумраи унсурҳои муқаддас барои миллати тоҷик мебошанд ва ин миллати фарҳангӣ тайи ҳазорсолаҳо ба ин унсури арзишманд эҳтироми хосса зоҳир менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон китобу китобхонӣ ва  илму маърифат яке аз  шохаҳои асосии мавҷудияти ҳокимият шинохта мешаванд. Ба гуфтаи Г. Маҳмудов, зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар даврони истиқлол садҳо мактабу кӯдакистон, донишгоҳу донишкада, китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба соҳаи имлу маориф, аз ҷумла китобдорӣ дарак медиҳанд.

Зикр шуд, ки бо мақсади амалисозии ҳадафҳои давлату ҳукумати мамлакат дар робита ба рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби  бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ Китобхонаи миллӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар арафаи Рӯзи китоб-4 сентябр ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ якчанд барномаҳои илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таҷлил мегарданд, ки ҳадафи он ҷалби омма ба китобу китобхона мебошад.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ қувваи созанда ва неруи таъсиргузори китобу ҳикмат ва илму донишро дурусту воқеъ эҳсос намуда, маърифат ва касби донишро яке аз сутунҳои асосии давлатдорӣ донист ва соҳаи илму маорифро аз самтҳои афзалиятноки ҳаёти  ҷомеа эътироф намудааст. Таъкид шуд, ки яке аз дастовардҳои нодири ҳукумати мамлакат дар самти китобу китобдорӣ- ин бунёду ба истифода супоридани бинои муҳташами Китобхонаи миллӣ мебошад. М. Абдуллозода зикр дошт, ки «яке аз ташаббусҳои муҳим ва арзишманди Пешвои миллат дар самти шинохти ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллат, ки маҳз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, чопи силсилаи «Тоҷнома» — тоҷикон дар масири тамаддун мебошад, ки ҷиҳати амалисозии ин ҳадафи дурбинонаи Сарвари давлат Китобхонаи миллӣ якчанд  корҳои муҳимро ба сомон расонидааст».

Пас аз қисмати ифтитоҳӣ Рӯзи дарҳои боз ба муносибати Рӯзи китоб оғоз гардид. Дар он донишҷӯёне, ки имсол номи пуршарафи донишҷӯиро соҳиб гардидаанд ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат аз наздик бо хизматрасонии китобхона ва адабиёти тозанашри ин муассиса шинос шуданд. Дар саҳни китобхона намоиши китоб ва дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, шуъбаи нигаҳдории депозиторӣ, шуъбаи кӯдакон ва наврасон, шуъбаи хизматрасонии библиографӣ, шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, шуъбаи библиографияи миллӣ, шуъбаи матбуоти даврӣ, маркази “Тоҷикшиносӣ”, конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, шуъбаи илмҳои дақиқ ва шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба маърази дид гузошта шуда буд, доир гардид.

Зимни суҳбат бо мо сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абубакр Манонзода гуфт, ки «мақсад аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 3-толор-намоишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар фонди он китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даврони истиқлол  ва дигар маводи гаронбаҳои таърихии меҳан ба намоиш гузошта шудаанд. Хонандагону меҳмононе, ки дар ин рӯз ба Китобхона меоянд, имкони аз наздик дидани осори мазкурро пайдо месозанд».

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз  4 сентябри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад». Аз он ба баъд ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил карда мешавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид