ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33+35 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 30, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш  дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11  ва  рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона  15+20  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона  23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  12+14  ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 30, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад