Оид ба хатарҳои глобалии раванди муҳоҷират дар шароити пандемияи COVID-19 дар кишварҳои СҲШ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуд

Сентябрь 6, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 06.09.2021/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Шӯрои кори Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар мавзӯи «Чолишҳои глобалии раванди муҳоҷират дар шароити пандемияи COVID-19 дар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): мушкилот ва дурнамо» бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва шарикони рушд дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории конфронс- ҷалби таваҷҷуҳи элитаи давлатию сиёсӣ, таҳлили оқибатҳои равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои СҲШ дар шароити пандемияи давомдори  COVID-19 ва қабули тавсияҳои муштарак барои  рафъи ин оқибатҳо мебошад.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ зикр дошт, ки соли равон раёсати СҲШ-ро Тоҷикистон ба уҳда дорад ва он ба 20-умин солгарди таъсиси созмони мазкур рост омада, таҳти шиори «20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» гузаронида мешавад.

Тайи ин давра СҲШ дар Тоҷикистон худро ҳамчун созмони муассир ва пешсафи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар рушди соҳаҳои технология, нақлиёт, коммуникатсия, эҳёи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» ва пайванди Ғарбу Шарқ саҳми босазо гузоштааст.

Дар шароити имрӯзаи бозори меҳнат ва бо дарназардошти раванди ташаккули қувваи кории баландихтисос, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ СҲШ барори ташаккули бозори мутамаддини меҳнат бо мақсади рушди ҳамкории мукаммали иқтисодӣ ва кишварҳои узви СҲШ имконоти иловагӣ фароҳам меорад.

Дар давраи шиддат гирифтани ҷараёни ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ низ васеъ гардида, суръат мегиранд, ки он ҳам миқдоран ва ҳам сифатан зоҳир мешавад: миқёс, шакл, таркиб ва самтҳои ҳаракати захираҳои меҳнатӣ тағйирбанда буда, ҷараёнҳои муҳоҷират аз як минтақа ба минтақаи дигар меафзояд, алалхусус ба кишварҳое, ки қувваи корӣ қабул менамоянд ва онро бо кор таъмин мекунанд, афзалият медиҳад.

Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ  дар мавзӯи «Таъсири COVID-19 ба муҳоҷират ва такмили усулҳои идоракунии муҳоҷират дар Тоҷикистон», инчунин намояндагони Котиби Шӯрои кори СҲШ ва қисмҳои миллии Шӯрои кори СҲШ оид ба масъалаи муҳоҷират маърӯзаҳо пешниҳод шуда, оқибатҳои муҳоҷират дар кишварҳои аъзои СҲШ дар шароити пандемияи давомдори COVID-19  таҳлилу баррасӣ ва тавсияҳои муштарак барои рафъи онҳо қабул шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Пекин ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар Пекин ҷаласаи навбатии намояндагони доимии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносон дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Пекин дар мавзуи «Бехатарии экологӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Дар Душанбе оид ба густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир шуд
Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид
Ба фаъолияти Котиботи созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур шуд
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шуд
Забоншиносони тоҷик дар Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои ИДМ» иштирок менамоянд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд