ПЛАТС-КОНСЕРТ БО СИЛОҲИ КАРАБИН ВА ГУЗАШТИ НИЗОМИИ АФСАРОНУ АСКАРОНИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ. Имрӯз 26-солагии фаъолияти Гвардияи миллӣ таҷлил шуд

Сентябрь 3, 2021 16:17

ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 26-солагии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тантана таҷлил намуданд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насрулло Маҳмудзода Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳрии Тоҷикистонро ба ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ расонда, онҳоро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсиси Гвардияи миллии ҶТ табрик гуфт. Мавсуф аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд. Дар идома аз паёми табрикии Пешвои миллат таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. Зикр шуд, ки ҳар командир вазифадор аст, ки дар замири аскарон ватандӯстиву ватанпарварӣ  тарбия намояд ва онҳоро маҳорату малакаи ҷангӣ омӯзонад.

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карда, аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар тӯли 26 соли фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ҳайати шахсӣ ёдовар шуданд. Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ 19 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин  гурӯҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов табрик гуфта, ба иштирокчиёни фаъоли сабқатҳои варзишӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияро супорид.

Дар баробари ин ғолибони озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни истиқлол ва Рӯзи таъсиси гвардия гузаронида шуда буд, бо ҷоми Фармондеҳ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомади тантанавӣ Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ маҳорати ҳарбии хешро бо ҳаракатҳои мавзуни низомӣ, яъне платс-консерт бо силоҳи карабин намоиш дод. Дар идомаи он ҳайати шахсиии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чусту чолокӣ навиштаҷоти 30 — соли истиқлолро дар саҳни қисми ҳарбӣ тасвир карданд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсиси Гвардияи миллӣ бо иҷро намудани суруди ифтихории Горди миллӣ ҷамъбаст гардида, дар охир афсарону аскарон тибқи анъанаи низомӣ таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми гузашти низомӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ  таъсис дода шудааст. Дар раванди ислоҳот ва тағйироти сохторӣ  моҳи январи соли 2004 Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Айни ҳол Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ  намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, фаврӣ -ҷустуҷӯӣ  ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлат қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда вазифадор гардидааст. Ҳамчунин Гвардияи миллӣ  дар якҷоягӣ  ва ҳамоҳангӣ  бо дигар сохторҳои қудратии кишвар барои ҳифзу мудофиаи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва дифои марзу буми мамлакат вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ

Сентябрь 3, 2021 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон