Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Душанбе омад

Сентябрь 15, 2021 17:19

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Александр Лукашенко ва ҳайати Ҷумҳурии Беларусро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Душанбе дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, иштирок мекунад.

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ҳамчун роҳбари давлати нозир дар СҲШ иштирок менамояд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2021 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд