Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Сентябрь 16, 2021 15:15

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид  Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сайид Иброҳим Раисӣ ва аъзои ҳайати Эронро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамчун сарвари давлати нозир дар СҲШ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ қарор қабул кунанд.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари хориҷии Иброҳим Раисӣ пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2021 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд