Ҷопон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 10 мактаб месозад
ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Сафорати Ҷопон аввалин маросими ба имзорасонии шаш лоиҳаи нав ба маблағи 6000000 сомонӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон.
Зимни маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки иброз намуд, ки “ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шарафмандем, ки ҳама якҷоя 10 созишномаи грантиро барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои дахлдор ба имзо мерасонем. Имрӯз шаш адади онҳо ва боқимонда 6 сентябр ба имзо мерасанд”.
Созишномаҳои грантӣ байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба имзо расиданд, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар чаҳорчӯби кумакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон 536980 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, Зикр карда шуд, ки шаш лоиҳаи нав дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) маблағгузорӣ мешаванд.
Аз ҷумла, “Лоиҳаи сохтмони мактаби № 19 дар деҳаи Чормағзак, ҷамоати қади об, шаҳри Роғун” ба маблағи 90347доллари ИМА бо Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода ба имзо расонида шуда, бо Раиси ноҳияи Левакант Зарина Давлатзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби №6 дар дехаи Боҳтуробод, ҷамоати Гулистон ноҳияи Левакант” ба маблағи 90273 доллари ИМА имзо гардид.
Ҳамзамон Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби №41 дар деҳаи Гулистон, ҷамоати Сабо, ноҳияи Шаҳринав” ба маблағи 90622 доллари ИМА, Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби № 56 дар деҳаи Кулҷиҷай, ҷамоати Ағба, ноҳияи Лахш” ба маблағи 92579доллари ИМА, Раиси ноҳияи Ховалинг Муҳтади Маҷидӣ “Лоиҳаи сохтмони мактаби нав дар дехаи Бағлисой, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86718 доллари ИМА ва “Лоиҳаи сохтмони мактаби нав дар дехаи Буғдояк, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86441 доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.
Мавсуф афзуд, ки бахши маориф яке аз афзалияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон мебошад. “Ман хеле шодам, ки мо метавонем қарордодҳои дахлдорро пеш аз ҷашни Истиқлолият, 9 сентябр ба имзо расонем. Барои чен кардани таъсири таълим вақт лозим аст, аммо ман боварӣ дорам, ки ин сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ба зудӣ дар рушди миллии Тоҷикистон самараи калон меорад”,-иброз кард Мияшита Такаюки.
Ҳукумати Ҷопон нияти идома додани дастгирӣ барои сохтани ҷомеаи беҳтар барои ҳамаро дорад ва кӯшиш менамояд, ки бо мардуми Тоҷикистон якҷоя фаъолият кунад.
АКСҲО: Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд






