СААД барои ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон барнома таҳия менамояд

Сентябрь 15, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/  барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия менамояд. Дар ин бора Дабири кулли СААД Станислав Зас зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Душанбе изҳор дошт.

 Ин изҳорот дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин котибони шӯроҳои амнияти СААД қабул шудааст. «Маълумот дар бораи рафти омодасозии лоиҳаи барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД барои таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистон ва Афғонистон шунида шуд»,-гуфт Зас.

Ба гуфтаи дабири кулли Созмон, нақшаи таъмини амнияти манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон дар Тоҷикистон ниҳоӣ хоҳад шуд. Дар доираи тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузории амалиёти зидди маводи мухаддири «Канал» ва амалиёти байнидавлатӣ барои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал» дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои дифои  кишварҳо — намояндагони СААД ва котибони амният баргузор шуд. Вазъи ноором дар Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ  аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа буданд.  Дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ борҳо изҳор доштаанд, ки дар сурати таҳдиди эҳтимолӣ аз кишвари ҳамсоя нияти ҳифзи марзи Тоҷикистонро доранд.

Маҳз як моҳ қабл, 15 август ҷонибдорони ҳаракати радикалии “Толибон”, ки дар Тоҷикистон  ва дигар давлатҳо  мамнӯъ мебошад, дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Мақомоти бисёр кишварҳо ҳарос доранд, ки  ҷангҷӯён Афғонистонро ба макони террористон табдил медиҳанд.

       ДАР АКС: котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва дабири кулли СААД Станислав Зас.

      АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 15, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед