Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок намуданд.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масоҳати он 3,68 гектарро ташкил медиҳад. Майдони умумии зери иншоот 1446 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 45 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикроҳсоз» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Маблағгузории иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз чор минбари нишастгоҳ ва ҳамчунин ҷойи махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.
Ҳуҷраҳои кории маъмурият, нозир, доварон, ҷойи либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббиён, нуқтаи тиббӣ ва назорати допингии иншооти муосири варзишӣ бо беҳтарин шароит дар қисматҳои зери нишастгоҳҳо сохта шудааст.
Майдони бозии футболи варзишгоҳ 105 бар 68 метрро ташкил дода, масоҳати 13 ҳазору 944 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.
Ҳамчунин як қисмати иншоот дар масоҳати беш аз 2400 метри мураббаъ сафолакпӯш ва атрофи он ба андозаи 7 ҳазор метри мураббаъ сабзазор шудааст.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар заминаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа бунёд гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, баргузории мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ, чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш миёни сокинон имкони васеъ фароҳам овард.
Баробари ба истифода додани иншооти хуштарҳи варзишӣ дар ноҳияи Балҷувон 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар ҳудуди варзишгоҳ 4 равшанидиҳандаи калон ва 25 адад чароғи махсус (торшер) насб карда шудаанд, ки баробари фароҳам сохтани шароит барои шабона машғул шудан ба варзиш ба зебоии мавзеъ зиннати хосса зам менамояд.









Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






