Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан мулоқот намуд

Сентябрь 16, 2021 15:17

ДУШАНБЕ, 16.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки новобаста аз ҷой доштани натиҷаҳои неки ҳамкории дуҷониба то ҳол ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамгироии Тоҷикистону Муғулистон имконот пурра истифода нашудаанд ва амалӣ сохтани нақшаҳои нишонрасу ҷоннок намудани фаъолияти ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб ба манфиати кор аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дипломатӣ байни ин ду кишвари дӯст аз 24 апрели соли 1992 ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки айни замон ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи шаш санад, ки панҷтои он зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон моҳи марти соли 2009 ба имзо расонида шуда буданд, ба роҳ монда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар «

Сентябрь 16, 2021 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд