Шаҳло Раҳимзода: Аз файзи истиқлолият тайи 30 сол дар низоми бонкии Тоҷикистон шумораи занон се баробар афзуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми бонкии кишвар, аз ҷумла дар «Амонатбонк» шумораи кормандони бонкҳо аз ҳисоби занону духтарон се баробар афзудааст, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Шӯрои занони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Шаҳло Раҳимзода дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф афзуд, ки истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, рамзи саодати миллат ва дар маҷмуъ ифтихори ҳар ватандор аст. Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандории миллат мебошад, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар заминаи ин дастовардҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мақоми зани тоҷик, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани онҳо, дастгирии занони соҳибкор, ба шуғл фаро гирифтани занҳои хонашин, рушди ҳунарҳои миллӣ, ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ ба духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистон ва қабули даҳҳо барномаву санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ нисбат ба занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занро ҳамчун неруи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки онҳоро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар муҳим медонад. Ин аст, ки имрӯзҳо бонувони кишварамон дар радифи рисолати модарӣ, баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд. Бонувоне, ки имрӯз дар шуъбаю филиалҳои «Амонатбонк» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд, рисолати онҳо пешниҳоди саривақтию босифати хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат аст, афзуд Шаҳло Раҳимзода. Дар баробари ин, бонувон-кормандони «Амонатбонк» бо ҳисси баланди миллию ифтихор аз ватану ватандорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ фаъолона иштирок менамоянд.
«Ман бо ифтихор гуфта метавонам, ки неруи бузурги мо занон-модарон аз сиёсати ваҳдатофару сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ, боварӣ ва эҳтироми зиёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки «бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, масъулиятшинос ва поквиҷдон, дар низоми бонкӣ ба вазифаҳои сармуҳосиб, мудири хазина ва дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ аз ҳисоби занҳо таъйин карда шаванд ва шумораи занон дар фаъолияти низоми бонкӣ бештар гардад».
Бо мақсади иҷрои дастури Пешвои миллат дар «Амонатбонк» шумораи занон дар сатҳи роҳбарикунанда ба 25 нафар, занон ҳамчун сардорони воҳидҳои сохтории бонк 70 нафар, муовинони сармуҳосиб 14 нафар, мудирони хазина 20 нафар ва дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ ба 33 нафар расидааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар доираи хизматрасониҳои «Амонатбонк» фарох гардида, шумораи шабакаҳо ва кормандони «Амонатбонк» зиёд гардид. Дар солҳои истиқлол бо дастгирӣ ва эътимоди зиёди Пешвои муаззами миллат шумораи занон дар «Амонатбонк» дар қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3 маротиба афзуда, ба 1279 нафар расидааст, ки 43 фоизи шумораи умумии кормандонро дар соҳа ташкил медиҳад. Танҳо зарфи ҳафт соли охир қариб 700 нафар духтарон тавассути озмун дар «Амонатбонк» ба кор қабул гардиданд. «Амонатбонк» барои пешниҳоди рӯйхати духтароне, ки тибқи квотаҳои Президентӣ аз рӯи ихтисосҳои «молия ва қарз», «фаъолияти бонкӣ», «технологияи иттилоотӣ», «муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ», «баҳисобгирии бухгалтерӣ» ва «аудит» таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои олии кишвар барои дар оянда ба озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ даъват намудан ҳамкорӣ менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи духтарони соҳибилму соҳибкасб ба маротиб бештар гардидааст, ки самараи ин неъмат ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан-модари тоҷик дар ҷомеа аст, гуфт дар анҷом Шаҳло Раҳимзода.
АКСҲО аз Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд






