Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер кушта шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҷараёни набардҳо дар шимоли вилояти Панҷшери Афғонистон кушта шуд. Дар ин хусус хабаргузории The Khaama Press дар саҳифаи Twitter хабар додааст. Размандагон бидуни шарҳи сабабҳо марги ӯро тасдиқ кардаанд. «Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо таассуф хабар медиҳад, ки имрӯз онҳо ду ёри худро дар муқовимати муқаддас ба муқобили зулм ва таҷовуз аз даст доданд. Фаҳими Даштӣ, котиби матбуоти муқовимати миллии Афғонистон ва генерал Абдул Вудод Зара кушта шуданд», иттилоъ медиҳад Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Twitter.
Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамзамон хабар медиҳанд, ки яке аз фармондеҳони калидии «Толибон»* Мавлавӣ Фасиҳуддин низ дар Панҷшер кушта шудааст.
Панҷшер — ягона минтақаи Афғонистон аст, ки таҳти назорати толибон қарор надорад. Дар ин вилоят ноиби президент Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари давлат эълон намудааст ва роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд қарор доранд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон омодагии худро барои музокира бо толибон дар сурати хуруҷи неруҳояшон аз Панҷшер ва худдорӣ аз иғво изҳор карда буд. «Толибон»* тасдиқ намудаанд, ки масъалаи Панҷшер ягона қазияест, ки ба таъсиси ҳукумати нави Афғонистон монеъ мешавад.
_________________________________
* Созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнӯъ аст.









Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






