Китоби нави Муҳаммадӣ Сафолзода оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар танзими масоили Афғонистон аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 01.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш китоби чаҳоруми олим-шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити баналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода аз силсилаи «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ба танзим даровардани масъалаи Афғонистон (соли 2014)» нашр гардид.
Дар таҳқиқоти монографии мазкур идомаи иқдомот ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 2014, замоне, ки давраи муайяни таърихӣ ба итмом расида, рўйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ дар назар буда, ҳамзамон, ба асоси мувофиқае, ки байни ҷонибҳо сурат гирифтааст, Эътилофи неруҳои байналмилалии таъмини сулҳ дар Афғонистон (ISAF), бояд ин кишварро тарк намоянд, инъикос карда шудааст.
Масъалаи Афғонистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин бора аз ҷониби онҳо омўзиши амиқи мушкилоти ҷанги дохилӣ ва омилҳои «гиреҳи афғонӣ», ки ҳаллу фасли онро барои солҳои дуру дароз ба таъхир андохтааст, шаҳодат медиҳад.
Дар монография диққати махсус ба нақши бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ташаккули усулҳо ва асосҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, байни солҳои 1992-2014 дода шудааст.
Ҳамзамон, ҷанбаҳои сиёсати хориҷии таъмини сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави мушкилоти Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ба итмом расидани соли 2014 аз рўи нишондиҳандаҳои зиёде барои Афғонистон давраи натиҷагирӣ аз буду боши чаҳордаҳсолаи Эътилофи неруҳои байналмилалии таъмини сулҳ дар Афғонистон (ISAF) ба шумор меравад, зеро ҷомеаи байналмилалӣ якҷо бо сокинони ин кишвар натоиҷи мусбати ҳузури ин намояндагиро интизор доштанд.
Аммо, воқеияти ҷаҳони ҷаҳоншумул (глобализатсияшуда) аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифатҳои дохилисиёсӣ, байниқавмӣ ва байнимазҳабиро наметавон аз роҳи низомӣ ҳаллу фасл намуд, ки дар ин бора Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштааст.
Идомаи бесуботиҳо дар ин кишвар, баъд аз ҳузури хеле тулонии низомиёни хориҷӣ, бори дигар моро ба таърихи муқовимати дохилисиёсии Тоҷикистон бармегардонад, ки дар сарчашмаи барқарории сулҳу суботи бунёдӣ ва ваҳдати миллӣ,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.
Чуноне, ки вақт нишон медиҳад, ба шарофати муҳаббати фарогир ба тамоми хонадони умумиинсонӣ, Пешвои миллат, на танҳо дар мавриди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, балки вобаста ба масоили Афғонистони дўст ва бародар ғамхорӣ менамоянд, ки дар он ҷо муддати беш аз чиҳил сол аст, бархўрди дохилисиёсӣ, бо печидагиҳои омилҳои беруна, ҳалли масъаларо аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушкилтар гардонидааст.
Дар китоб, як боби алоҳида ба мавзӯи дидгоҳи минтақавӣ (осиёимарказӣ) ва ҷаҳоншумулии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷанбаҳои таърихӣ-сиёсии таҳқиқи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистон бахшида шудааст.
Маҳз соли 2014 нишон дод, Эътилофи байналмилалӣ, ки дар назар буд Афғонистонро тарк намояд, дар ҳоли ҳозир чунин тасмим надорад.
Дар партави чунин рўйдодҳо моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаи Афғонистон бештар барҷаста ва равшантар мегардад.
Табиист, ки ҳамчун далелҳои таърихӣ иқдомҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли қазияи Афғнистон бо шаклҳои гуногун шомили саҳифаи таърих мегарданд.
Чуноне, ки таҳқиқот нишон медиҳад, «буҳрони афғонӣ» паҳлуҳои гуногун, бозигарони зиёди мухталиф дорад, ки бо мурури замон назар ва ақоиди худро вобаста ба ин мушкилот тағйир медиҳанд.
Аз ин нигоҳ, бештари саволҳо боз мемонанд, аммо, хизмати бузурги бунёдии иқдомот ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба хотири аз байн бурдани проблемҳои имрўзаи ҷомеаи афғонӣ равона гардида, ҳамзамон саъй доранд уфуқҳои дар дурнамо будаи ҷомеаи инсониро низ дар бар бигиранд, ки онҳо бо равшан кардани ин мушкилот ва нуқсонҳо бо назари муҳаққиқонаашон, ба таври созанда роҳҳои ҳаллро низ пешниҳод менамоянд.
Китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.








Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд






