Тоҷикистон – ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим
Тоҷикистонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайваста ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пиряхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 04.09.2021. /АМИТ “Ховар”/. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз рўзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ тавъам ба хомўш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани соҳаҳои дар рафти ҷанг харобгардида, эҳёи дигарбораи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани эътибору миллату меҳан дар арсаи ҷаҳонӣ ба масоили обу иқлим ва муҳити зист низ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо иқдомоти дурбинонаю пешниҳодҳои илман собитгардидаи аҳамияти ҷаҳонидоштаашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун кишвари ташаббускори масоили байналмилалӣ ва мардуми шарифи онро халқи фарҳангию бунёдкор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ба ин маъност, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми конфронсу симпозиум ва форумҳои минтақавию ҷаҳонии ба масоили обу иқлим ва муҳити зист бахшидашуда бо маърўзаҳои комилан илмӣ суханронӣ мекунанд ва дар ҳар яки онҳо як иқдоми ҷадиди ба рафъи мушкилоти минтақаю сайёра равонагардидаро пешниҳод менамоянд. Яъне, Тоҷикистон таҳти сарвариву роҳнамоии хирадмандонаю дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон талошҳои худро дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ бо мақсади тақвияти пешравиҳои бадастомада ва дастёбӣ ба натиҷаҳои нав пайваста идома медиҳад.
Ҳамин аст, ки ҳанўз 1-уми октябри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид иброз доштанд: бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза ҷиддӣ гардад. Бо ин асос бо тасмими Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози асри нав барои аҳли башар ҳадафҳои стратегии ниҳоят муҳимм ва комилан ҷадид пешниҳод гардид. Ин пешниҳодотро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд, зеро Ҳукумати Тоҷикистон диққати ҷаҳониёнро ба масъалае ҷалб карда тавонистааст, ки он ба ҳаёту зиндагии ҳаррўзаи инсон робита дорад. Азбаски иқдомоту пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти умумибашарӣ доранд ва баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ нигаронида шудаанд, бинобар ин, аз ҷониби қисми аъзами давлатҳои ҷаҳон – давлатҳои аъзои СММ якдилона қабул гардидаанд.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами тоҷикистониён СММ солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Азбаски дар сатҳи Замин беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва ҳудуди 145 давлат (қаламрави 21 кишвар пурра) дар чунин ҳавзаҳо воқеъ гардидаанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ диққати махсус зоҳир карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об пешниҳод намуданд. 21 декабри соли 2016 бошад, зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои он ташаббуси чоруми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, ки далели равшани гуфтаҳои болост.
Яке аз дастовардҳои назарраси ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масири таҳлилу баррасӣ ва пешниҳоду ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаю ҷаҳон таъсиси Шўрои ҷаҳонии об мебошад. Саҳми Шўрои ҷаҳонии об дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои глобалии об ва сафарбарнамоии сиёсатҳо дар ин самт мебошад, ки тавассути Форуми ҷаҳонии об ба даст оварда мешавад. Форуми ҷаҳонии об бошад, ҳамчун санади муҳим дар самти ҳамкориҳои глобалӣ дар соҳаи об хидмат карда, платформаи нодирест, ки дар он сиёсатмадорону тасмимгирандагон аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон барои муҳокима ва кўшиши ҳалли масъалаҳои таъмини ҳифзи захираҳои обӣ ҷамъ меоянд. Бе муболиға, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона сарвари сиёсие мебошанд, ки аз ҳашт форуми то имрўз баргузоргардида, дар аксари онҳо иштироку суханронӣ намудаанд ва дар ҳар форум пешниҳоди мушаххаси хешро ба самъи ҷаҳониён расонидаанд. Аз ҷумла, се иқдоми аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форумҳои гуногуни ҷаҳонии об пешниҳодгардида: 1) дар Форуми сеюми ҷаҳонии об, 16-23 марти соли 2003 дар шаҳри Киото (Ҷопон) Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», 2) дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, 15-22 марти соли 2009 дар шаҳри Истанбул (Туркия) Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013 ва 3) дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, 12-17 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгу-Кенгбук (Ҷумҳурии Корея) Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ истиқбол ва қабул карда шудаанд.
Мусаллам аст, ки тақвияти муносибатҳои густурда дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалӣ ба мақсад ва принсипҳои сиёсати берунаи Ҳукумати Тоҷикистон мусоидат мекунад ва дар ин радиф, ҳар кишваре бобати устувор намудани мавқеъ ва саҳмгузорӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамзамон ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар тамоми самтҳо кўшиш менамояд. Ин аст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷӣ мувофиқ бо талаботи замон ва талаботҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омада, тадриҷан мукаммал гардида истодаанд.
Айни замон, дар ҷаҳони муосир таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рўз аз рўз афзун гардида, хатарҳоеро ба монанди тағйирёбии иқлим, мушкилоти демографӣ, амнияти озуқаворӣ, вазъи экологии ҷаҳон ва ғайра ба миён овардааст ва маълум аст, ки мувозӣ бо афзоиш ёфтани ин хатарҳо, ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ ба муқобили он истодагарӣ карда наметавонад, аз ин рў, пешгирӣ аз ин хатарҳо бидуни талоши якҷояи кишварҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин хатарҳои глобалӣ дар канор монда наметавонад ва дар ин росто бо ташаббусу ибтикороти худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ баромад намуда, пешниҳодҳои худро ироа менамояд.
Дар робита ба омилҳое, аз ҷумла кам гардидани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, ки айни замон дар ҷаҳон, беш аз 2 млрд нафар, аз ҷумла дар қитъаи Осиё 1 млрд, дар Африқо 350 млн ва Амрикои Ҷанубӣ беш аз 100 млн нафар камбудии шадиди онро эҳсос мекунанд. Бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии оби нўшокӣ дучор мегарданд. Маҳз бо ин мақсад, Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли саривақтии ин масъала ҷалб намуда, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ иброз доштанд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сўзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад». Зимнан, Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираи фаровони об, ҳамеша ҷонибдори истифодаи оқилонаву самараноки сарвату захираҳои он тавассути ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, бо роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайваста пайгирӣ мекунад.
Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҳамчун манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст. Дар идомаи ин ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об, моҳи августи соли 2016 бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ва июни соли 2018 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардўстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Имрўз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор оид ба масъалаҳои об пазируфта шудааст. Ҳамзамон, инъикоси ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ташаббусҳои байналмилалии меҳанамон дар соҳаи об алоқаманд мебошад. Таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои арзон, боваринок, устувор ва муосири неру барои ҳамагон, дарбаргирандаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Яъне, мақсад аз ироаи ташаббусҳо ва қабули ҳадафҳои рушди устувор низ ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об дар тамоми бахшҳо ва таъмин намудани иҳотаи устувор ва додани оби ширин барои ҳалли проблемаи норасоии об ва бештар кам намудани шумораи одамони аз норасоии об танқиси кашанда, вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ дар кори пурзўр намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар амалисозии фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла ҷамъоварии обҳои ҷории сатҳӣ, ширинсозии об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, тозакунии гандобҳо ва истифодаи технологияи гардиши дубора ва истифодабарии такрорӣ ва дигар фаъолияти ба самти рушд равонашударо дар бар мегиранд.
Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Таҳлили воқеияти табиӣ ва захираҳои энергетикии Тоҷикистон бараъло нишон медиҳад, ки рушди босуботу муназзам ва ояндадори меҳанамон асосан тавассути истифодаи васеи иқтидори гидроэнергетикӣ, пеш аз ҳама, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна ва бузург имконпазир мебошад. Маҳз ин иқтидори бузурги энергетикиро ба назар гирифта, созмонҳои байналмилалии соҳавӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз рўйи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Зеро дар кишвари мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад ва мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015 ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.
Бо назардошти ин далелҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2016 ва 26.12.2019) ва суханрониҳояш дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (1.03.2017, Исломобод) ва дар Ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим (12.11.2019, Париж) ёдовар шудаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ барои таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони иқтидорҳои нави тавлиди барқи обӣ, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли неруи барқ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи сарфакоронаи он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ва ин тадбирҳои Тоҷикистон баробари таъмини амнияти энергетикӣ дар сатҳи миллӣ аҳамияти минтақавӣ низ доранд, зеро ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рўзафзуни ҳамсояҳои дуру наздики мо ба неруи барқ нигаронида шудаанд.
Дар ин маврид, дар навбати аввал ин ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад. Сониян, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат кунад. Ахиран, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад
Ҳамин тавр, рисолати ҳар як фарди миллатдўсту меҳанпараст ин тарғиби нақш ва дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷодаҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо мебошад. Зеро кулли ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорўи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро барои мубориза бар муқобили тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ даъват менамоянд.
Ориф АМИРЗОДА,
директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи АМИТ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Номвар ҚУРБОН,
муовини директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
оид ба илм, номзади илмҳои техникӣ
АКС:Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”