Ёдгор Файзов: Дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 193 муассисаи таълимӣ ба маблағи 349 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд
ХОРУҒ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ машварати августии омӯзгорони вилоят баргузор шуд, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик кард.
Раиси вилоят аз дастовардҳои соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки оғози соли таҳсили 2021 -2022 , Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро мо имсол дар арафаи ҷашни миллиямон- 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ менамояд. Дар солҳои истиқлол соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯ ба инкишоф ниҳода, ба муваффақияти назаррас ноил гашт. Давоми 16 сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат аз 13,5 млн сомонии соли 2005 ба 139,9 млн сомонии соли 2020 афзоиш ёфта, маблағгузории соҳаи маориф дар ин давра 10,4 баробар афзудааст. Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ дар ин давра зиёд гардида, аз 71,5 сомонии соли 2005 ба 1302,9 сомонии соли 2020 расид, ки мизони афзоиши он 18,2 баробарро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи маориф рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ин давра 193 муассисаи таълимӣ ба маблағи 349 млн сомонӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони 4 адад бинои маъмурии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бинои Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 26 миллион сомонӣ, 4 адад кӯдакистон бо маблағи 16 миллиону 343 000 сомонӣ ва бунёд, таҷдид ва навсозии 190 мактаб ба маблағи 347 миллиону 130 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи чунин корҳо мебошанд. Бояд иброз дошт, ки агар соли 1993 барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ 3 миллиону 347 400 сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли 2020 ин маблағ ба 252 млн 623 900 сомонӣ расонида шуд, ки ин таносуб 70 маротиба зиёдтар мебошад.
Дар машварат масъалаи ширкати хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки давоми се соли охир дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои табиӣ, риёзӣ ва гуманитарӣ хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят 8 медали тилло, 31 медали нуқра, 86 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар таърихи худ бори аввал аст, ки соҳаи маорифи вилоят ба чунин дастовард ноил шудааст. Ҳамчунин 82 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 19 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 6 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.
Пас аз машварат маҳфилҳои гуногуни назди муассисаҳои таълимии вилоят дастовардҳои варзишию фарҳангӣ ва ҳунарҳои дастии омӯзгорону хонандагонро ба намоиш гузоштанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад






