Замони баргузории бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 2-3 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ байни ҳам рақобат карданд.
Ин навбат дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сафар бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, аз тарки Лигаи олӣ раҳоӣ ёфт. Голи ягонаи бозиро Н’Ди Лукас Кевин дар дақиқаи 54-ум ба нишон расонид. Дастаи футболи «Файзканд»- и ноҳияи Восеъ, ки дар чанд даври охир дар ҷои нуҳуми ҷадвал буд, бо шарофати ин ғалаба ба ҷои ҳаштум баромад.
КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор ба дарвозаи дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе 4 голи беҷавоб зад. Ҳар чор тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Дар дақиқаи дуюми бозӣ футболбози дастаи «Кӯктош» Нодирбек Иброҳимов нохост тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари хуҷандиҳоро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Далер Ёдгоров ба нишон расониданд. Голҳои дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Насимҷон Муҳаммадиев ба ҳадаф расонид.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкамтар намуд. Голро Алексей Ларин дар дақиқаи 48 ба нишон расонид.
Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб «Хатлон» бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳисобро бозингари дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Овусу Обед дар дақиқаи 10 кушод. Бозингарони дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Нуриддин Ҳамроқулов ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашонро таъмин намуданд.
Пас аз натиҷагирии 21 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 51 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол камтар (41) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 33 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 20 | 16 | 3 | 1 | 57-7 | 51 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 20 | 13 | 2 | 5 | 43-21 | 41 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 21 | 9 | 6 | 6 | 30-25 | 33 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 21 | 8 | 5 | 8 | 23-22 | 29 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 21 | 8 | 5 | 8 | 23-26 | 29 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 21 | 8 | 3 | 10 | 29-35 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 21 | 5 | 8 | 8 | 20-26 | 23 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 21 | 5 | 5 | 11 | 14-26 | 20 |
| 9 | «Душанбе» (Душанбе) | 21 | 4 | 6 | 11 | 21-48 | 18 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 21 | 4 | 5 | 12 | 26-50 | 17 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид
Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи варзишӣ дар Донишгоҳи Кувайт сазовори ҷойи якум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Тимори Шарқӣ бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд






