Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Аҳмет Керестечи масъалаи таъсиси корхона дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таъсиси корхона дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар мавзӯъҳои ҷорӣ зимни мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо роҳбари генералии ширкати «SAGLAMEL»-и шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Керестечи мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрии ҷонибҳо зикр шуд, ки ширкати «SAGLAMEL»-и Туркия асосан дар самти истеҳсоли қисмҳои таҷҳизоти кишоварзӣ фаъолият менамояд.
Аз ин рӯ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин ширкат ба нафъи хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат мебошад.
АКС аз сомонаи Палатаи савдо ва саноат








Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид






