«БА ДӮСТАТ КИТОБ ҲАДЯ НАМО! ». Сафири Русия аз гимназияи ба номи Пушкини ноҳияи Рудакӣ дидан кард

Октябрь 22, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкин, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, дидан намуд. Зимни боздид ба хонандагони тоҷик аз ҷониби ҳамсолони русашон китобҳо ба забони русӣ туҳфа гардиданд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ва сардори  Раёсати маорифи ноҳия Соҳибназар Сафаров иштирок намуданд.

Дар гимназия таҳсил бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи директори гимназия Ҷамшед Маҷидов, дар мактаб беш аз 60 фисади таҳсилкунандагон дар синфҳои омӯзишашон ба забони русӣ таҳсил мекунанд.

Сафир дар дарсҳои забони русӣ, адабиёт ва мусиқии синфҳои чоруму нуҳум иштирок намуд. Наврасон аз эҷодиёти А.С. Пушкин шеърҳо хонда, оид ба ҳаёту фаъолияти эҷодии ӯ нақл намуданд.

Пас аз боздид аз синфҳо меҳмононро туҳфаи махсус- барномаи консертии аз ҷониби хонандагони гимназия таҳияшуда интизор буд. Махсусан сурудҳои халқии русӣ, ки яке аз хонандагон онҳоро бо асбоби миллӣ иҷро намуд ва рақси халқии русии “Валенки” хеле хотирмон буд.

Дар оғози суханронӣ Игор Лякин-Фролов иброз намуд, ки Русия ва Тоҷикистонро риштаҳои дӯстии чандинсола ва ҳамкории зич мепайванданд. Русия яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Яке аз омили муҳим дар рушди муносибатҳо миёни ин ду кишвар забони русӣ мебошад. “Хурсандиовар аст, ки дар гимназияи шумо забони русиро дӯст медоранд ва меомӯзанд, ки бо  ин роҳ мақоми ин забонро дар Тоҷикистон метавон устувор гардонд”,- гуфт сафир ва афзуд, ки бо ташаббуси сарони ду кишвар ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони 5 мактаби русӣ идома дорад.

“Дар мавриди иқдоми “Ба дӯстат китоб ҳадя намо”, ки дар доираи он мо бо шумо вохӯрдем, бояд зикр намоям, ки ин ташаббус аз ҷониби хонандагони русиягии вилояти Свердловск андешида  шудааст. Наврасон барои дӯстони тоҷики худ тақрибан 10 ҳазор китобро бо мактубҳои шахсии худ ҷамъоварӣ намуданд. Ба дӯши мо танҳо вазифаи ифтихории супоридани ин китобҳо ба мактабҳои Тоҷикистон гузошта шудааст, ки имрӯз гимназияи шумо аз ин ҳисоб  600 китобро қабул мекунад”,- иброз дошт Сафири Русия.

Октябрь 22, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд