Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Душанбе силсилачорабиниҳо гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз 28 сентябр то 5 октябр бо ташаббуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳияҳои пойтахт сислсилачорабиниҳо баргузор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Ин чорабиниҳо бо ширкати васеи донишомӯзону муаллимон гузаронида шуда, кормандони бахши наҷот, ҳамчунин мутахассисони самтҳои дигар миёни иштирокдорон сухан гуфта, машқҳои муҳими наҷотро намоиш доданд.
Дар ин суҳбату мулоқотҳо дар бораи роҳу шеваҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва дигар бемориҳои гузаранда, ҳамчунин қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо, об ва ғайра суҳбатҳои муфид анҷом ёфтанд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе Дастаи махсуси зудамали наҷот рӯзи дарҳои кушод бо намоиши техникаи махсуси садамавию наҷот ва амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ гузаронид.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон кардааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконест, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Сеюмин конфронси ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудааст, эътироф карда шаванд.
Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол роҳандозӣ намуд. Ҳадаф: «Афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдомоти миллии онҳо барои иҷрои ин барнома барои то соли 2030» мебошад.
АКСҲО: КҲФ ва МГ








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






