Беморхонаи клиникии вилоятии шаҳри Кӯлоб ба давраи зимистон омода аст
КӮЛОБ, 31.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ҳамаҷониба омодагӣ дида, то ин муддат ба маблағи 14000 сомонӣ 600 л сӯзишворӣ, 4 адад генератор, 175 адад печҳои барқӣ, 406 адад рахти хоб ва дигар мавод захира намудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Бино ба иттилои сардухтури беморхона Ниёзмад Шомадов, беморхона дорои 450 адад таҷҳизоти тиббӣ буда, айни ҳол 270 нафар бемор ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд. Дар беморхона 970 нафар фаъолият дошта, аз онҳо 125 нафар табибони дорои маълумоти олӣ ва 486 нафар ҳамшираҳои шафқат мебошанд.
Дар беморхона шароити хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда шуда, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти зарурӣ сари вақт дастрас карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






