Дабири кулли СММ: «Мардуми Афғонистон ба ҳукумати фарогир ниёз дорад»

Октябрь 28, 2021 13:19

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар сурати муттаҳид кардани талошҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба субот дар Афғонистон ноил шавад. Ба гузориши АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ин бора Антониу Гутерриш, дабири кулли созмони ҷаҳонӣ зимни суханронӣ дар нишасти марбут ба Афғонистон, ки дирӯз дар Теҳрон бо ибтикори ҷониби Эрон баргузор шуд, изҳори назар намуд.

Дар он ба ҷуз аз худи Эрон намояндагони Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд. «Афғонистон бо буҳрони башардӯстонаи миқёси бесобиқа рӯбарӯ буда, дар остонаи фалокат қарор дорад», — оғоз кард дабири кулли СММ.

Вай чаҳор бахшро муайян кард, ки ба назари ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон бо он ҳаракат кунад: кумакҳои башардӯстона, дастгирии иқтисод, таъсиси ҳукумати фарогир ва амният.

Пеш аз ҳама, бояд масъалаҳои расонидани кумаки башардӯстона ҳал карда шаванд. Антониу Гутерриш гуфт: «Дар навбати худ Созмони Милали Муттаҳид бо рафъи монеаҳои сершумор дар кишвар амалиёти густурдаи башардӯстона анҷом медиҳад».

Ҳам ба афғонҳо ва ҳам ба мардуми минтақа Афғонистони ором ва бехатар лозим аст, на паноҳгоҳи террористон ё маркази қочоқи маводи мухаддир.

Дабири кулли  СММ  ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои кумак дар интиқоли кормандони ниҳодҳои башардӯстона ва расонидани борҳо изҳори сипос кард. «Дастгирии ин кишварҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бояд ба миқёси амалиёт мувофиқат кунад», — таъкид кард ӯ.

Дабири кулли СММ бо ишора ба масъалаи наҷоти иқтисоди Афғонистон, хостори кумаки молӣ ба афғонҳо шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, «воридкунии пардохтпазирӣ ба иқтисоди Афғонистон бояд бидуни нақзи қонунҳои байналмилалӣ ё нодида гирифтани принсипҳои он сурат гирад»

Сеюм, ба гуфтаи дабири кулл, мардуми Афғонистон ба ҳукумати фарогир ниёз дорад, ки ба қонунҳои байналмиллалии башардӯстона эҳтиром гузорад, ҳуқуқи инсонро риоя кунад ва озодиҳои бунёдиро таъмин кунад. «Ман аз нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллияти этникӣ, инчунин ҳамлаҳои даҳшатноки террористии ахир дар иншооти динӣ, ки боиси марги одамон шуданд, сахт нигаронам».

Чаҳорум, тавре Гутерриш зикр кард, «ҳам ба афғонҳо ва ҳам ба мардуми минтақа Афғонистони ором ва бехатар лозим аст, на паноҳгоҳи террористон ё маркази қочоқи маводи мухаддир».

«Ин барои сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон муҳим аст. Ҳамаи сокинони сайёра ба ин манфиатдоранд, бинобар ин мо бояд акнун дар мавқеи худ якдил бошем. Ин ягона роҳест, ки мо метавонем ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем»,-гуфт котиби генералӣ. Дар хотима вай тамоми иштирокчиёни форумро даъват намуд, ки саъю кӯшиши худро ба ҳалли проблемаҳои Афғонистон равона намоянд ва дар ин роҳ фавран корро шуруъ кунанд.

            АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 28, 2021 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд