Дар ҷануби Тоҷикистон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-Кордон 2021» ба анҷом расид

Октябрь 19, 2021 16:14

 ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 18 октябр кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-Кордон 2021»-ро гузарониданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Амалиёти «Нелегал-Кордон 2021» аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи баргузории амалиёт- муайян кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр кардани назорат аз болои риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави вилоят мебошад.

Ҳуҷҷатҳои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин минтақа кору зиндагӣ мекунанд, тафтиш карда шуд. Якчанд камбудиҳо ошкор ва бартараф карда шуданд.

Айни замон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо ва марказҳои савдо санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи аввали амалиёт бо номи «Нелегал-Трафик» дар вилояти Хатлон аз 5 то 12 июл гузаронида шуд.

АКС аз ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2021 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид