Дар Душанбе имконияти ташкили корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Челябинск баррасӣ гардид

Октябрь 29, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи минтақавии тиҷоратию иқтисодӣ миёни доираҳои корӣ аз 27 то 29 октябр намояндагони тиҷоратии 8 корхонаи вилояти Челябински Русия дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ташкилкунандагони ин иқдом Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази дастгирии содироти Агентии байналмилалии ҳамкории вилояти Челябинск ба шумор мераванд.

Дар Душанбе гуфтушунидҳои дуҷониба миёни соҳибкорони ду кишвар, ки дар он беш аз 50 ширкати тоҷикистонӣ ширкат варзиданд, сурат гирифтанд.

Вилояти Челябинскро ширкатҳое намояндагӣ карданд, ки ба истеҳсоли низомҳои идоракунии технологӣ, кранҳои доиравӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва техникаҳои кишоварзӣ машғуланд.

Дар доираи ин ҳамкорӣ бо иштироки ҳайат беш аз 16 мулоқоти сафарӣ  ташкил карда шуд. Ширкатҳои вилояти Челябинск бевосита дар худи корхонаҳо бо соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуда,  бо фаъолияти корхонаҳо аз наздик шинос гардиданд. Дар ҷараёни ин сафарҳо меҳмонон масъалаи таъсиси ширкатҳои ҳамкор бо Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

АКС: ПСС ҶТ

Октябрь 29, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд