Дар Душанбе мусобиқаи футбол (футзал) барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» баргузор мегардад

Октябрь 22, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани якчанд чорабиниро ба нақша гирифтааст, ки мусобиқаи футбол  барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» аз ин ҷумла аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

 Ҷоми «Бабри барфӣ» оид ба футзал дар шаҳри Душанбе бо иштироки 16 даста, аз ҷумла дастаи «Экология»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

21 октябр дар Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) маросими қуръакашӣ ва тақсим намудани дастаҳо дар ҷадвали бозӣ сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки Ҷоми «Бабри барфӣ» аз 23 октябр то 25 ноябр  идома ёфта, дар ҷамъбасти бозиҳо дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин бо ҷоизаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Октябрь 22, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад