Дар Душанбе оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон конфронс доир шуд

Октябрь 30, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр аз ҷониби Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дастовардҳо» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар  кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Зимни конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. “Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар халқу миллат азизу муътабар аст, сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надорад»,-афзуд Х.Зиёӣ.

Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-тои онро тибқи омори то имрӯз дастрас  ҷудо намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва суханронии нахустини Роҳбари давлати тоҷикон — Пешвои миллат аз минбари ин созмон, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба  намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон ва ғайра мебошанд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода зикр намуд, ки ҳадафи конфронси имрӯза на танҳо арзёбии дастовардҳои бузург тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, балки пайдо кардани омилҳои таҳкими соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад. “Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин ҳамоиш ширкатдошта доир ба масъала ва мавзӯъҳои зикршуда  тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд”,-гуфт мавсуф.

АКСҲО: МТС    

Октябрь 30, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид