Дар Душанбе таҳти унвони «Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Октябрь 9, 2021 09:37

ДУШАНБЕ, 09.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд»  оғоз гардид, ки  он  дар бахшҳо ду рӯз идома меёбад, хабар доданд аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ  Абдухалил Ғафурзода дар конференсия изҳор  дошт, ки  «барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хусусиятҳои раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал аҳамияти хосса дошта, зарурати воқеист. Дар ду даҳсолаи охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ», Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра қабул ва тасдиқ карда шуданд, ки онҳо барои пешрафт ва ташаккули минбаъдаи идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд».

-Дар натиҷаи ислоҳот, идоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо падидаҳои комилан нав чун интихобот, ҳамкориҳои берунаи хориҷӣ, худидоракунӣ, худфаъолиятии ҷамъиятӣ ва падидаҳои дигар такмил ёфта, ба раванди муносибатҳои ҷаҳонишавӣ ворид шуд. Бинобар ин, таҳлили муфассали илмии хусусиятҳои раванди ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал бо назардошти падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Сиёсати маҳаллӣ қисми таркибии сиёсати давлатӣ буда, амалҳои ҳадафноки давлатро дар худ таҷассум менамояд, ки он барои амалӣ шудани фаъолияти мутавозини маҳалҳо ва таъмини рушди самаранокии онҳо равона мегардад,- илова кард Абдухалил Ғафурзода.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабирҷон Ҷӯразода зимни баромади худ аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки Сарвари давлат гуфтаанд: «Рушди деҳот яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад».

Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои заминаҳои таърихии ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, муаммои ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, назарияҳои асосии худидоракунии маҳаллӣ, таҳқиқи масъалаҳои актуалии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, такмили салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ дар марҳилаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баъзе масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот дар таъмини босуръати сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра баррасӣ шуданд.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

 

Октябрь 9, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд