Дар Хоруғ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид
ХОРУҒ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид, ки аз 243 нафар довталаб 54 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Аз ин шумора 25 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29 нафарро донишҷӯён ва 18 нафарро шахсони гуногункасб ташкил медиҳанд. Дар маросими супоридани ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ ба ғолибони даври вилоятӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов сухан гуфт.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба иштирокдорони даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва омӯзгорону волидони онҳоро, ки дар кори омода намудани шогирдону фарзандонашон ба озмун нақши арзишманд гузоштаанд, арзи сипос намуд. Раиси вилоят ба донишу истеъдод, маҳорати суханварӣ, малакаи ҳозирҷавобӣ, ҷуръату ҷасорати кӯдакону наврасон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки «яке аз ҳадафҳои асосии ин озмун- баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, ташаккули қобилияти эҷодкорӣ, такмили захираи луғавӣ ва аз ҳама муҳим, пайдо намудани чеҳраҳои нави суханвару сухандон мебошад. Ҳарчанд аз миёни довталабони сершумор, ки яке аз дигаре бартар буд, интихоб намудани ғолибон кори саҳлу сода нест, аммо аз чеҳраи ҳамаи иштирокчиёни озмун аён аст, ки онҳо аз баҳои гузоштаи ҳакамон қаноатманд мебошанд. Аз ин рӯ, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳайати ҳакамон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун миннатдорӣ баён менамоям. Бовар дорам, ки ғолибони озмуни вилоятӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ аз худ маҳорати хуби эҷодкорӣ, суханварию сухандонӣ нишон хоҳанд дод».
Яке аз довталабони даври вилоятии озмун Асрор Карамалиев, ки 40 сол дошта, нобинои модарзод аст, аз муомилаву муоширати ҳайати ҳакамон изҳори ташаккур намуда, баён дошт, ки «дар аввал он чӣ дар зеҳнам ҳифз карда будам, якбора аз сарам берун шуд, аммо ҳайати ҳакамон вазъи равонии маро пай бурда, ба ман фурсат доданд, ки каме ба худ оям ва танҳо пас аз он ба суолҳояшон посух гардондам. Ягона хушии ман ин китоб аст ва китоб аст, ки дунёи торики маро равшан мекунад. Аз Пешвои миллат минатдорам, ки ин озмунро роҳандозӣ намудаанд ва ба ман барин садҳо нафар нобиноён имконият фароҳам оварданд, то худро дар ҷомеа шахси танҳо эҳсос накунем».
АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






