Дар Хоруғ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Октябрь 25, 2021 15:44

ХОРУҒ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид, ки аз  243 нафар довталаб 54 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат  гирифтанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Аз ин шумора 25 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29 нафарро донишҷӯён ва 18 нафарро шахсони гуногункасб ташкил медиҳанд. Дар маросими  супоридани ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ ба ғолибони даври вилоятӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов сухан гуфт.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба иштирокдорони даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва омӯзгорону волидони онҳоро, ки дар кори омода намудани шогирдону фарзандонашон ба озмун нақши арзишманд гузоштаанд, арзи сипос намуд. Раиси вилоят ба донишу истеъдод, маҳорати суханварӣ,  малакаи ҳозирҷавобӣ, ҷуръату ҷасорати кӯдакону наврасон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки «яке аз ҳадафҳои асосии ин озмун- баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, ташаккули қобилияти эҷодкорӣ, такмили захираи луғавӣ ва аз ҳама муҳим, пайдо намудани чеҳраҳои нави суханвару сухандон мебошад. Ҳарчанд аз миёни довталабони сершумор, ки яке аз дигаре бартар буд, интихоб намудани ғолибон кори саҳлу сода нест, аммо аз чеҳраи ҳамаи иштирокчиёни озмун аён аст, ки онҳо аз баҳои гузоштаи ҳакамон қаноатманд мебошанд. Аз ин рӯ, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳайати ҳакамон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун миннатдорӣ баён менамоям. Бовар дорам, ки ғолибони озмуни вилоятӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ аз худ маҳорати хуби эҷодкорӣ, суханварию сухандонӣ нишон хоҳанд дод».

Яке аз довталабони даври вилоятии озмун Асрор Карамалиев, ки 40 сол дошта, нобинои модарзод аст, аз муомилаву муоширати ҳайати ҳакамон изҳори ташаккур намуда, баён дошт, ки «дар аввал он чӣ дар зеҳнам ҳифз карда будам, якбора аз сарам берун шуд, аммо ҳайати ҳакамон вазъи равонии маро пай бурда, ба ман фурсат доданд, ки каме ба худ оям ва танҳо пас аз он ба суолҳояшон посух гардондам. Ягона хушии ман ин китоб аст ва китоб аст, ки дунёи торики маро равшан мекунад. Аз Пешвои миллат минатдорам, ки ин озмунро роҳандозӣ намудаанд ва ба ман барин садҳо нафар нобиноён имконият фароҳам оварданд, то худро дар ҷомеа шахси танҳо эҳсос накунем».

АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ

Октябрь 25, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд