Дар Тоҷикистон мехоҳанд Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон таъсис диҳанд

Октябрь 15, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Душанбе ҷаласаи намояндагони мақомот ва созмонҳои марбута оид ба таҳлили таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов, доираи васеи роҳбарон ва намояндагони созмонҳои маъюбон иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ манфиатҳо ва зарурати таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи мушовир оид ба масъалаҳои маъюбӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ муфассал баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ

Октябрь 15, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад