Дар Тошканд масъалаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти харидорӣ намудани маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории бензин, дизел ва гази моеъ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва воридоти онҳо ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода бо муовини якуми раиси идоракунии Ҷамъияти саҳомии «Узбекнефтегаз» Шаҳзод Алиризоев баррасӣ гардиданд.
Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи иттилои Ҷамъияти саҳомии «Узбекнефтегаз» айни замон ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои мустақим дар самти харидории гази моеъ бо онҳо ҳамкорӣ доранд ва омодаанд, ки дар ин бахш фаъолияти худро боз ҳам ривоҷ бахшанд.
Инчунин ҳайати Тоҷикистон бо Раиси идоракунии Ҷамъияти саҳомии «Узтрансгаз» Беҳзод Норматов ва дигар намояндагони ҷамъият мулоқот намуданд. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои тақвияти корҳо ва афзоиши содироти гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта шуд.
Дар маҷмӯъ тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар самтҳои болозикр, афзоиш додани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории бензин, дизел, гази моеъ ва табиӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисорӣ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






