Дар Турсунзода бахшида ба Рӯзи соҳибкор ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 14, 2021 15:59

ТУРСУНЗОДА, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ шумораи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Турсунзода 146 ададро ташкил медод, пас ин рақам ба ҳолати имрӯза ба 208 адад расидааст, ки 62 бинои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорон ба истифода дода шуда, имрӯзҳо дар шаҳр бунёди боз зиёда аз 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад. Ин нукта имрӯз зимни ҳамоише, ки ба муносибати Рӯзи соҳибкор дар шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатию хоҷагиҳои кишоварзӣ, роҳбарони филиалҳои бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ, соҳибкорон, инчунин роҳбарони мақомоти назоратии шаҳр баргузор гардид, баён дошта шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо соҳибкорон ҳамкории пайваста дошта, бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр саҳми арзанда дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳибкорон, ки дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд, зери ҳимоя ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳукумати кишвар кӯшиш менамояд, ки барои фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ тадбирҳои назаррас ба сомон расонад.

Муовини  ҶДММ «Эҳсон маҳсулот» Хаём Халилов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки “бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ фароҳам омадааст, мо корхонаи истеҳсоли собун ташкил намудаем. Имрӯзҳо корхонаи мо 4 намуди собун истеҳсол менамояд. Дар корхонаи истеҳсолии мо зиёда аз 10 нафар бо гирифтани маоши хуб фаъолият доранд. Айни замон маҳсулоти хомро мо аз хориҷи мамлакат ворид менамоем. Аз ин рӯ дар оянда ният дорем, ки коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти хом барои истеҳсоли собун ва дигар навъҳои маҳсулоти шустушӯйӣ ташкил намоем. Дар он сурат боз ҷойҳои нави корӣ ташкил мегарданд”.

Роҳбари Маркази касбомӯзии шаҳри Турсунзода Мавлуда Ҳайитова мегӯяд, ки “эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкории занони ҳунарманд таъсири муфид расонд. Чунки имрӯз занони соҳибкасбу ҳунарманди мо метавонанд маҳсулоти истеҳсоли дастии худро озодона ба фурӯш гузоранд. Дар ин замина коргоҳҳои дӯзандагӣ ва мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Турсунзода зиёд гардиданд, ки ба рушди соҳибкории занҳои ҳунарманд мусоидат менамоянд”.

Ёдовар мешавем, ки бо назардошти саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат аз соли 2014 инҷониб 14 октябр Рӯзи соҳибкор эълон гардидааст. Дар доираи санаи мазкур ҳамасола дар мамлакат Форуми сармоягузорон баргузор гардида, дар кори он, аз ҷумла садҳо соҳибкорону сармоягузорони дохилию бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ иштирок мекунанд.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2021 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид