Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Ветнам дар Дубай бозии рафиқона анҷом доданд

Октябрь 12, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Ветнам бозии рафиқона анҷом дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Вохӯрии  дастаҳо  хеле ҷолиб  сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Голи дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Тоҷикистонро ҳамлагари ҷавону шинохтаи   дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Рустам Соиров ба нишон расонид.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз 22 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол  дар гурӯҳи «В»  бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби  ҷавонони  «Лубнон»  (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) ҳастанд.

Бозии рафиқона

Ветнам (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 1:1
Голҳо: Ле Хуан Ту, 82 (1:0). Рустам Соиров, 88 (1:1).

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов (Шоҳрух Сангов, 63), Манучеҳр Сафаров (Наимҷон Иброҳимзода, 75), Кароматулло Саидов (Шуҳрат Элмуродов, 81), Шервонӣ Мабатшоев (Далер Ёдгоров, 63), Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 75), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Сорбон Авғонов, 63), Рустам Соиров.

Аз майдон ронда шуд: Алиҷон Кароматуллозода (Тоҷикистон), 90+3 – 2-юм корти зард.
11 октябр. Дубай. Варзишгоҳи «The Sevens».                                             

АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 12, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия нахустин рақобати санҷишӣ анҷом дод
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 омодагӣ мегирад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машғулиятҳои дастҷамъиро дар Туркия шуруъ намуд