Дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан» ба Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон роҳ ёфтанд

Октябрь 26, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, ки ду ҷои аввали ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи аввалро ишғол намуда буданд, ҳуқуқи бозӣ дар Лигаи олиро дар мавсими оянда пайдо карданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои Лигаи аввали Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо 22-бозигӣ анҷом доданд. Дастаи  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода бе бохт, бо 58 хол ҷои аввалро сазовор шуд. Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод  бо 51 хол ҷои дуюм ва  дастаи  «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор бо 49 хол ҷои сеюмро ба даст овард.

Бо ин мақсад дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кории роҳбарияти федератсия ва Лигаи футболи Тоҷикистон бо намояндагони дастаҳои  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода  ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод сурат гирифт.

Дар ҷаласа ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, сардори дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода  Ғоибалӣ Давлатов, сармураббии ин  даста Ҳикмат Фузайлов, инчунин президенти дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод Хурсандмурод Ҷумъаев ва сармураббии он Раҳматулло Фузайлов иштирок карданд.

Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ дастаҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2021 табрик намуданд.

Намояндагони ФФТ ва ЛФТ ба камбудиҳои дастаҳо ишора карда, таъкид карданд, ки онҳоро то оғози мавсими нави Лигаи олӣ рафъ кунанд.

Ба намояндагони  дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода  ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод талаботи асосии низомномаи литсензиякунонии дастаҳо роҷеъ ба масъалаҳои инфрасохторӣ, маъмурию кадрӣ, молиявию ҳуқуқии Лигаи олӣ фаҳмонда шуд.

Б Ғ М Б Т-Т Х
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 22 18 4 0 70-22 58
2 «Равшан» (Зафаробод) 22 16 3 3 60-18 51
3 «Ҳосилот» (Фархор) 22 15 4 3 43-21 49
4 «Ҳулбук» (Восеъ) 22 13 5 4 43-21 44
5 «Динамо» (Душанбе) 22 12 4 6 71-22 40
6 «Барқчӣ» (Ҳисор) 22 6 7 9 35-33 25
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 22 5 6 10 32-32 24
8 «Саройкамар» (Панҷ) 22 6 5 11 32-48 23
9 «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) 22 5 4 13 40-59 19
10 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 22 3 6 13 19-57 15
11 «Моҳир» (Ёвон) 22 3 4 15 22-63 13
12 «Исфара» (Исфара) 22 2 2 18 16-87 8

                                                                  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 26, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад