«Этюд»-и «Тоҷикфилм» дар Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Этюд» — филми кӯтоҳи бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона иштирок мекунад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони филми мазкур Мумин Латифӣ.
Мумин Латифӣ иброз намуд, ки Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишӣ аз 14 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Барселонаи Испания баргузор мегардад.
Филми кӯтоҳи бадеии «Этюд» дар киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст. Давомнокии он 16 дақиқа буда, филм дар жанри драмаи варзишӣ ба навор гирифта шудааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад…
Филми мазкур дар Фестивали 30-юми байналмилалии кушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика «Киношок», ки дар шаҳри Анапаи Краснодари минтақаи Русия доир гардида буд, ба намоиш гузошта шуд.
«Этюд» филми нахустини коргардон Мумин Латифии 25-сола, хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона бештар филмҳое намоиш дода мешаванд, ки дар он варзиш мавзӯи асосӣ бошад. Жанрҳои филмҳо метавонанд аниматсионӣ, ҳуҷҷатӣ, публитсистика, бадеӣ ва таҷрибавӣ (кӯтоҳмуддату пурра) бошанд.
Ҳадафи аслии фестивал рушди фарҳанги филмҳои варзишӣ миёни тамошобинон ва ширкатҳои киною телевизион аст.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Хазинаи олимпии Барселона бо дастгирии Шӯрои шаҳрии Барселона- BCN Sports Film доир мегардад. Доир ба фестивали мазкур дар сомонаи http://bcnsportsfilm.org/ маълумоти бештар ҷой дода шудааст.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






