ФУТБОЛ. «Хатлон» бори дуюм унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувонро ба даст овард

Октябрь 22, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар маротибаи дуюм унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувонро ба даст овард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавсими чоруми Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба анҷом расид. Ғолиби чемпионат дар даври охир муайян шуд. Бо натиҷагирӣ аз 18 даври бозиҳо ду даста – «Хатлон»  ва «Зебонисо»  51-холӣ ба даст оварданд. Аммо аз ҳисоби бартарӣ дар вохӯриҳои инфиродӣ дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  медалҳои тиллоро сазовор шуд.

Дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  маротибаи дуюм унвони чемпиониро ба даст овард. Бори якум ин даста дар Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон соли 2019 ба ин муваффақият соҳиб шуда буд.

Лайло Ҳалимова аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо 67 гол беҳтарин нишонзани чемпионат гардид. Адолатхон Раҳмонова («Хатлон») беҳтарин дарвозабон эътироф шуд. Ӯ дар 18 бозӣ ҳамагӣ 4 гол ба дарвозааш сар додааст. Ҷоизаи беҳтарин бозингар насиби Марҷона Саидова аз дастаи футболи  «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе  гардид. Қурбонгул Қурбонова («Хатлон») беҳтарин мураббӣ дониста шуд.

 

 ҶОЙИ   ДАСТАҲО                               Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х 
 1  «Хатлон» (Бохтар)  18  17  0  1  156-4     51
 2 «Зебонисо»(Душанбе)  18  17  0  1  157-10     51
 3  «Суғд» (Суғд)  18  11  0  7  84-54  33
 4  «Бешкент» (Носири Хусрав)  18  10  2  6  86-32  32
 5  «Равшан» (Кӯлоб)  18  8  4  6  36-40  28
 6  «Конибодом» (Конибодом)  18  8  1  9  66-50  25
 7 «Ҳосилот»(Фархор)  18  6  2  10  33-60  20
 8  «Зебо» (Дӯстӣ)  18  4  2  13  35-43  11
 9  «Нушофарин» (Бохтар)  18  3  0  15  8-222  9
 10  «Чашма»(Шаҳритус)  18  1  1  16  4-150  4

                                              

АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 22, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад