ФУТЗАЛ. Дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо ҳам рақобат карданд

Октябрь 18, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозии дуюми финалии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ба фоидаи дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  хотима ёфт,  иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҷараёни бозӣ футзалбозони дастаи  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, аммо натавонистанд натиҷаи мазкурро то ба охир нигоҳ доранд. Дар идомаи рақобат дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  натиҷаро 2:2 кард. Дар зарбаи пеналти ин дафъа бахт ба рӯи  дастаи футзали  «Соро компания» хандид (5:3). Беҳтарин бозингари вохӯрӣ дарвозабони эронии дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Маҳдии Мустафо буд, ки зарбаи ҷаримавии аз ҷониби бозингари «Сипар» Алишер Сафаров задаро бартараф кард.

Акнун пас аз ду бозӣ ҳисоб дар силсилаи ниҳоӣ баробар аст – (1:1). Ду бозии навбатӣ байни дастаҳои футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  23-24 октябр дар маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш» -и  шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Лигаи миллии касбии футзали Тоҷикистон-2021

Финал. Бозии дуюм

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:2. Аз пеналти – 5:3

Голҳо: Шоҳрух Шамидов, 28 (0:1). Парвиз Раҳматов, 33 (0:2). Муҳаммад Шарипов, 35 (1:2). Муҳсин Муҳаммадзода, 40 –пеналти (2:2).

Силсилаи пеналти: Алӣ Микоилӣ – 1:0. Алишер Сафаров – 1:0 (дарвозабон). Муҳаммад Шарипов – 2:0. Ваҳтанг Кекелия – 2:1. Муҳсин Муҳаммадзода – 3:1. Рустам Ҳамидов – 3:2. Руҳулло Исорӣ – 4:2. Иван Бахур – 4:3. Фирӯз Сангов – 5:3.

                                                                 АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 18, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд