Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории судманд ба роҳ мемонанд

Октябрь 6, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҳимоя ва рушди  рақобати Ҷумҳурии Қазоқистон  ҳамкории мутақобилан судмандро тавсеа мебахшанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни  мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ  Қурбонзода бо Раиси Хадамоти ҳимоя ва рушди рақобати Ҷумҳурии Қазоқистон  Серик Жумангарин  дар шаҳри Нурсултони  Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи муштарак оид ба ҳимояю рушди рақобат ва масъалаҳо вобаста ба танзими давлатӣ дар фаъолияти корӣ баррасӣ гардиданд.

Дар маҷмӯъ  мусоҳибон ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар ин самтҳо, омода ва ба имзо расонидани созишномаи марбутаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

 Акс аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 6, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?