ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 мошини Jeeps J8 супорид

Октябрь 7, 2021 15:17

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар/. ИМА дар доираи мустаҳкамгардонии сарҳад  ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад мошини кӯҳгард супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ИМА дар Душанбе хабар медиҳад.

Мошинҳо дорои арзиши 1,4 миллион доллар буда, ба неруҳои махсуси Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд, омадааст дар сомонаи сафорат.

Дар маросими тақдими мошинҳо муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон оид ба техника ва таъминоти он, генерал-майор Хусрав Бобозода ва  Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм  ҳузур доштанд.

«Ин кумаки бебозгаште, ки мо ба Тоҷикистон расонидем, намунаи дастгириҳои мо баҳри таъмини бехатарии сарҳад мебошад.  Мо аз Тоҷикистон баҳри ҳамкории судманд дар самти бехатарии сарҳад хушнудем ва ифтихор аз дастовардҳои дуҷониба дорем. Мо дар самти мубориза бо терроризм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳнкунии силоҳи ядроӣ ҳамчун шарик боқӣ мемонем. Мо замоне пурқувват ҳастем, ки дар якҷоягӣ амал мекунем»,- зикр намуд сафир дар ҷамъомад.

Шурӯъ аз соли 1992 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Дар доираи ин кумакҳо ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 358 адад воситаи нақлиёт ба маблағи 10,5 млн доллар дода шудааст.

Октябрь 7, 2021 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад